Устод

Лои
қ Шералӣ

ХУДФУРӮЗӢ

Агар парвонаӣ, даври чароғи хирасӯзе не,
Ба даври офтоби оламоро сӯз, қурбон шав.

Агар ту қатраӣ, ҷои нишасти хешро дарёб,–
Ба рӯи санг не, дар бехи гул резу гулистон шав.

Агар обӣ, мабош ором дар як ҷо чу оби кӯл,
Кушо маҷрои худро, қобили тӯфону туғён шав.

Агар позаҳр бошӣ, баъди марги дӯст беқадрӣ,
Ба сарвақти давоҷӯён биё, бар дард дармон шав.

Ту нахли сабз ҳам бошӣ, зарурат гар бифармояд,
Сари сабзат бисӯзон, гармӣ овар, шуълаафшон шав.

Миёни неку бад, таҳқиру иззат, поку олуда,
Гаҳе тобуткаш бошу гаҳе гаҳвораҷунбон шав.

Хурӯшат ку? Талошат ку? Чароӣ худ асири худ?
Бурун о мисли шеър аз дил, забони безабонон шав.

Биёву дар тиҳигоҳи ҳаёт аз хеш олам соз,
Барои хештан миру барои дигарон ҷон шав!

 
Зиндагинома Шеърҳо

Ғазалҳо

Памяти поэта
Зиндагинома....

Устод Лоиқ Шералӣ шоири бузурги муосири тоҷик 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шариф воқеъ дар шаҳристони Панҷекати Тоҷикистон зода шудааст.

Ӯ соли 1954 пас аз хатми мактаби ҳафтсолаи деҳаи Мазори Шариф ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷекат дохил шуда, соли 1958 онро хатм кард. Таҳсил дар ҳамин донишсаро роҳи ояндаи ӯро таъйин намуд. Ӯ бо маслиҳат ва пуштибонии бародари фозилаш Қоришариф соли 1959 ба Душанбе меояд ва ба факултаи забону адаб ва торихи Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил мегардад ва соли 1963 онро ба поён мерасонад.

Пас аз ин, нахуст ба ҳайси муҳаррири шӯъбаи адабии радиои Тоҷикистон ва сипас корманди адабии рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”, мудири шӯъбаи назми маҷаллаи “Садои Шарқ”, мушовири Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сардабири маҷаллаи мӯътабари адабии “Садои Шарқ” – нашрияи Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон кор кард. Ӯ Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Бояд ёдовар шуд, ки дар он солҳо мутобиқи расму қоидаи маъмул ҳар адиб, ки мехост узви Иттифоқи нависандагон шавад, бояд то он дам ҳатман ками кам як маҷмӯа чоп карда бошад. Вале бо назардошти истеъдоди равшани Лоиқи ҷавон ва исрори устод Мирзо Турсунзода ӯро бидуни ҳеч маҷмӯае ба таври истисно ва аз қоида берун ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфтанд. Ӯ ҳамчунин узви Кумитаи марказии Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон ва низ намояндаи Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Устод Лоиқ аз соли 1991 то дами марг ба сифати Райиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ ифои вазифа кард.

30 июни соли 2000 соати 12 бар асари бемории сактаи мағзӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид. Ташйиъи ҷанозаи он гаронмоя 1 июл бо ҳузури ҳазорон мухлисаш баргузор ва пайкари покаш дар Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дар паҳлӯи бузургони адаб ва ҳунари Тоҷикистон дафн карда шуд. Байти зеринро худи устод ҳанӯз соли 1998 барои санги мазораш васият карда буд:

      Дар рӯи замин намонд маъман,
      Эй гӯр, дуруд бодат аз ман.

Устод соли 1978 барои маҷмӯаи “Хоки ватан” ва “Илҳом аз Шоҳнома” барандаи ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гардид. Ғайр аз ин ӯ унвони давлатии “Шоири халқии Тоҷикистон”-ро касб карда буд. Моҳи майи соли 1999 ба устод ҷоизаи байналмилалии “Нилуфар” эҳдо гардид.

 http://termcom.tj/
 
 
 
IATP is funded by US Agency for International Development (USAID) and administered by International Research & Exchanges Board(IREX)